НАРХИ НАВИ ИСТИФОДАИ ОБ ДАР ШАҲР ҶОРӢ ШУД

Март 9, 2010 10:37

Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо қарори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон нархи истифодаи об барои сокинони шаҳри Душанбе зиёд карда шуд. Бино ба гуфти сардори шӯъбаи фурӯши обу корези «Душанбеводоканал» Мирзомурод Убайдов, аз 1 – уми феврали соли 2010 сокинони шаҳри Душанбе барои истифодаи оби соф ва партовҳо — (канализатсия) дар ҳаҷми 2 сомонию 47 дирам (барои ҳар як аъзои оила то ошёнаи 12 — ум) пардохт хоҳанд кард. Онҳое, ки аз ошёнаи 13 боло истиқомат доранд 3 сомонию 08 дирам ва барои онҳое, ки  дар хонаҳои умумӣ (обшежит) ҳастанд 2 сомонию 05 дирам муқаррар гардидааст. Тибқи қарори мазкур, онҳое, ки дар ҳавлиҳои шахсӣ умр ба сар мебаранд, ҳар моҳ 1 сомонию 42 дирам барои ҳар як аъзои оила ва барои обмонии замини наздиҳавлигӣ, шустани автомошина, барои нигоҳдории ҳайвонот ва истифодаи душу ҳаммом  маблағи алоҳида пардохт хоҳанд кард. Боис ба ёдоварист, ки бори охир моҳи сентябри соли 2009 нархи об барои аҳолии шаҳр 2 сомонию 20 дирам (барои ҳар як нафар аъзои оилаи шаҳрӣ) муқаррар гардида буд.

Март 9, 2010 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад