ПОДОШИ ПАЙРАВОНИ «ҶАМЪИЯТИ ТАБЛИҒ» ЧИСТ?
Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2010 Исоев Х.Ш., Абдиев С.А., Давлатов Х.К., Тошматов М.У. ва дигарон (ҷамъ 56 нафар) бо моддаи 3073, қисмҳои 1 ва 2 КҶ ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкил ва иштирок дар фаъолияти «Ҷамъияти Таблиғ», ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдо карда, дар бораи манъи фаъолияташ бо сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, гунаҳгор дониста шуда, маҳкум шуданд. Нисбати 23 нафар маҳкумшуда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муддати аз 3 то 6 сол ва нисбати 33 нафар ҷазо дар намуди ҷарима ба фоидаи давлат ба андозаи аз 1000 то 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ карда шудааст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






