ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКМАНИСТОН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов баъди чошти имрӯз зимни сафари давлатиаш ба Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино рафта, бо омӯзгорону донишҷӯёни он мулоқот кард. Сардори давлати Туркманистонро дар донишгоҳ Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов ва ректори донишгоҳ Убайдулло Қурбонов пешвоз гирифтанд. Дар фарҷоми мулоқот ба Президенти Туркманистон унвони профессори ифтихории ДДМТ ба номи Абуали ибни Сино дода шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Қ. Бердимуҳаммадов соли 1995 дар вазифаи директори Маркази бемориҳои дандони Вазорати тандурустӣ ва саноати тиббии Туркманистон кор мекард. Вай соли 1997 вазири тандурустӣ ва саноати тиббии Туркманистон ва соли 1998 директори Маркази байналмилалии тиббии ба номи Сафармурод Ниёзов таъин гардид. Мавсуф соли 2001 муовини сарвазир таъин гардида, аввал ба ҳалли масъалаҳои тандурустӣ, маориф ва илм ва баъдан ба ҳалли масъалаҳои фарҳанг ва воситаҳои ахбори оммавӣ сарпарастӣ мекард. Қ. Бердимуҳаммадов моҳи декабри соли 2006 иҷрокунандаи муваққатии вазифаи Президенти Туркманистон гардида, моҳи феврали соли 2007 Президенти мамлакат, раиси Ҳукумат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Туркманистон интихоб шуд. Ӯ унвони ҳарбии генерали артиш дошта, доктори илми тиб ва академики Академияи илмҳои Туркманистон мебошад.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






