РАИСИ НАВИ ПАЛАТАИ ПОЁНИИ ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН

Март 16, 2010 10:21

Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар»). —  Имрӯз дар  шаҳри  Душанбе  иҷлосияи  нахустини  Палатаи  поёнии  парлумони  мамлакат – Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  даъвати  чорум  баргузор гардид. Дар он  Шукурҷон  Зуҳуров бо  роҳи  овоздиҳии махфӣ бо  аксарияти  овозҳои иштирокчиёни  иҷлосия   раиси   Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  ҷумҳурӣ  интихоб  шуд. Ш.Зуҳуров  17  сентябри соли  1954  дар  ноҳияи  Панҷ  таваллуд  шудааст. Соли  1976  Донишкадаи  муҳандисӣ ва  заминсозии  Маскав  ва  соли  1992 Академияи  идораи  Федератсияи  Русияро бо  ихтисоси  сиёсатшинос  хатм  кардааст. Шукурҷон  Зуҳуров  аз  моҳи  август то  моҳи  марти соли  1993   дар  вазифаҳои  раиси  Кумитаи  давлатии тайёр  кардани кадрҳои  коргарии Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  баъд  раиси  Кумитаи  давлатии  меҳнат ва  тайёр  намудани  кадрҳои  коргарӣ,  аз  моҳи  марти  соли  1993  то  моҳи  феврали  соли  1998  вазири  меҳнат  ва  шуғли  аҳолии   Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  аз  соли  1994 то  1997  роҳбари  ҳайати  ҳукуматии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  гуфтушунидҳои   тарафҳои ба ҳам  муқобили тоҷик,  узви  Комиссияи  созгории  миллӣ,  аз  соли  1998 то соли  2005  раиси  ноҳияи  Панҷ  ва  муовини   роҳбари  Дастгоҳи  иҷроияи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  кор  кардааст. Моҳи  феврали  соли  2005  вакили Палатаи  поёнии  парлумони  мамлакат  интихоб  шуд.   Ш.Зуҳуров  бо  фармони  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  1  декабри  соли 2006   вазири  меҳнат ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  таъин  карда шуд. Ӯ бо  орденҳои «Дӯстӣ», «Шараф» ва  Ифтихорномаи Раёсати  Шӯрои олии  ҶШС  Тоҷикистон  мукофотонида шудааст. Мавсуф  дар  интихоботи  имсола  аз  ҳавзаи  интихоботии Рашт  вакили  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  ҷумҳурӣ   интихоб  шуд. Ҳарифи  ӯ  дар  ҳавзаи  мазкур Давлат  Усмон  буд, ки  дар  вақташ яке  аз  фаъолони Иттиҳоди  мухолифини тоҷик ба шумор  мерафт.  

Март 16, 2010 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад