РАИСИ ВИЛОЯТ ЖУРНАЛИСТОНРО ТАБРИК КАРД
Қӯрғон-теппа, 12 март. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- 10 март дар нимаи дуюми рӯз дар Қӯрғон-теппа маҷлис бахшида ба Рӯзи матбуот баргузор гардид. Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов журналистони вилоятро бо иди касбиашон табрик намуда, қайд кард, ки саҳми онҳо дар рушди ҷомеа калон аст. Ғ. Авзалов қайд намуд, ки мақомоти маҳаллии вилоят ҳамеша кормандони ВАО-ро дастгирӣ мекунанд, чунки ҳамкорӣ бо онҳо дар ҳалли мушкилоти ҷомеа кӯмаки калон мерасонад. Баъдан Ғ. Авзалов ба журналистон мукофотҳо ва тӯҳфаҳо ҳадя кард. Аз ҷумла, ба мухбири махсуси АМИТ «Ховар» дар вилояти Хатлон тӯҳфаи хотиравии роҳбарияти вилоят супорида шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






