РОҲҲОИ ПОЙТАХТ ТАЪМИР КАРДА МЕШАВАНД
Душанбе, 9 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки 9 март доир шуд ба масъулини пойтахт супориш дод, ки ҳашарҳои умумишаҳриро бо ҷалби васеи аҳли ҷамоатчигӣ, роҳбарони субъектҳои хоҷагидори шаҳр мақсаднок баргузор намуда, ҳолати татбиқи нақшаи чорабиниҳои пойтахтро оид ба таҷлили сазовори иди Наврӯз ва 20-солагии Истиқлолият зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Инчунин, дар ҷаласа масъалаи ба низом даровардани хизматрасонии нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ баррасӣ шуд. Раиси шаҳр бо хулоса аз гузориши комиссияи ҷамъиятии пойтахт муқаррар сохт, ки баҳри ташкили фаъолияти муназзам ва реҷавии нақлиёти ҷамъиятӣ, назорати риояи ҳаракати онҳо дар хатсайрҳо ва пешгирии хатсайршиканиҳои бархе аз ронандагони микроавтобусҳо назорати ҷамъиятӣ доимӣ ба роҳ монда шуда, иҷрои вазифаи директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» таври мудовим ба зиммаи муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе А. Шералиев вогузошта шавад. Ҳамзамон, М. Убайдуллоев таваҷҷӯҳи раисони ноҳияҳо ва Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои пойтахтро ба вазъи ногувори роҳҳо ҷалб намуда, бо нигаронии қатъӣ дастур дод, ки бо истифода аз ҳавои мусоид корҳои таъмири ҷорӣ ва ҷузъии хушсифати роҳҳоро ба сомон расонанд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






