РОМАНИ МАШҲУРИ БРИТАНИЯ БА ТОҶИКӢ ТАРҶУМА ШУД

Март 2, 2010 16:35

Душанбе,  2 март. (АМИТ «Ховар», Таҳмина  Ғоибназарова). —  Романи  нависандаи  бузурги  классики  Британияи  Кабир  Шарлотта  Бронте  — «Ҷен Эйр»  дар  Тоҷикистон  бори  аввал ба  забони  тоҷикӣ  тарҷума  шуд. Асари  мазкурро Сафоратхонаи  Британияи  Кабир  дар  Тоҷикистон  ва  Созмони  байналмилалии  ҷамъиятии «Истиқбол» нашр  намуданд. Китоб  бо теъдоди  5  ҳазор  нусха  чоп  шуд. Хароҷоти  нисфи онро  Сафоратхонаи  Британияи  Кабир  ба  зимма  гирифт.  Асари  мазкур  дар  байни  ҳамаи  китобхонаҳои  мамлакат  тақсим  карда  мешавад.  Дар  асар   дар  бораи  саргузашти  духтари ятим, вале  бо  ифтихору   сарбаланд ва  мустақил  Ҷен Эйр   нақл  карда  мешавад. Тарҷумаи  асар ба  қалами  адиб Салими  Зарафшонфар  тааллуқ  дорад,  онро  рассом   Олим  Камолов  оро  додааст.

Март 2, 2010 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад