ШАХСОНИ ҲУҚУҚӢ ҲАМ БА ҲАБС ГИРИФТА МЕШАВАНД

Март 12, 2010 11:27

Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Сессияи 24 – уми Маҷлиси Миллиии Маҷлиси Олии ҶТ ба моддаи 292 КҶҶТ тағйиру иловаҳои навро ворид кард, ки тибқи он шахсони ҳуқуқӣ барои пинҳон доштани миқдори калони андоз (350 ҳазор сомонӣ) ва махсусан калон (700 ҳазор сомонӣ)  ва саривақт насупоридани он ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида хоҳанд шуд. -Дар сурати амалӣ шудани ин тағйирот мумкин аст миллионҳо сомонӣ ба буҷаи ҷумҳурӣ ворид гардад, зеро имрӯз танҳо онҳое аз андоз саркашӣ менамоянд, ки соҳибмансабанд ва ё ба мансабдорон наздикӣ доранд,- мегӯяд   коршиноси ҳуқуқӣ  Мӯҳтоҷ Қурбонов. Тибқи   тағйирот дар ин моддаи кодекси ҷиноятӣ ҳамчунин пешбинӣ шудааст, ки дар сурати сари вақт супоридани андози пинҳондошташуда, шахсони ҳуқуқӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.  

Март 12, 2010 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад