СОҲИБКОРОНРО МЕОМӮЗАНД
Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 то 19 март дар мавзӯи "Тартиби истифодабарии системаи соддакардашудаи ҳисобот ва ба ҳисобгирӣ дар субъэктҳои соҳибкории хурд" семинар-машварат доир менамояд. Тавре аз Хадамоти матбуоти Кумитаи андоз ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 11 март чунин семинар бо иштироки соҳибкорони ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури Раёсати андози шаҳри Душанбе, ки ба тарзи соддакардашудаи ҳисобот фаъолият менамоянд, баргузор мегардад. Дар ин семинар-машваратҳо ҳамчунин оид ба ҳалли дигар масъалаҳои марбут ба системаи соддакардашуда мубодилаи афкор сурат хоҳад гирифт. Чунин семинар-машваратҳо то 19-уми март дар шаҳрҳои ноҳияҳои дигари Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, инчунин шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Қурғонтеппа ва Конибодом гузаронида мешаванд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






