СОХТМОНИ ТЕРМИНАЛИ НАВИ ФӮРУДГОҲИ ДУШАНБЕ АЗ НАВ ОҒОЗ ШУД

Март 2, 2010 09:59

Душанбе, 2 март. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).  — Мувофиқи протоколи кории КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва ширкати сохтмонии SOFEMA–ALPHA AIRPORT корҳои сохтмонӣ дар терминали нави фурудгоҳи Душанбе аз нав оғоз гардиданд. Баъди ба мувофиқа расонидани ҳуҷҷатҳои сохтмонӣ ҷонибҳо ба озмоиши корҳои иҷрошуда ва санҷиши маводи истифодашуда бахусус семент ва арматураю бетон шурўъ карданд. Алҳол навъи бетони барои таҳкурсиҳо рехташуда мавриди санҷиш қарор дорад. Мувофиқи гуфти мутахассисон барои пурра санҷидани ҳолати бетони истифодашуда 28 рўз лозим аст. Мутахассисон иброз доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон ва Фаронса ба хулоса омадаанд, ки барои бунёди таҳкурсии иншоот бетони тамғаи 200 истифода шавад. Муҳандиси «Софема групп» Тимофей Иванов иброз дошт: «Дар тамоми иншоот танҳо як маркаи бетон истифода намешавад, балки барои сутунпояҳо бетони тамғаи 200 ва баъдан дигар тамғаҳое, ки лоиҳа пешбинӣ кардааст, истифода хоҳем кард».                                    Бино ба иттилои сармутахассиси Пажуҳишгоҳи «Гипрострой» Асадулло Абдуллоев мувофиқи лоиҳа барои бунёди сутунпояҳои терминал бетони В-15 (аз сементи маркаи 400) пешбинӣ ва истифода шудааст. Аз рўи лоиҳа дар сохтмони сутунпояҳо бетони тамғаи В-15 ва барои дигар қабатҳои бино бетони тамғаи В-25 истифода карда мешавад. Асадулло Абдуллоев иброз дошт, ки пас аз шиносоӣ бо корҳои иҷрошудаи сохтмонӣ ва ҳуҷҷатҳои аз ҷониби Агентии сохтмон ва меъморӣ тасдиқшуда, ҷониби Фаронса маркаи бетоне, ки барои сохтмон Пажўҳишгоҳи «Гипрострой» пешниҳод намудааст қабул намуд. Асадулло Абдуллоев илова намуд, ки Пажуишгоҳи «Гипрострой» дар асоси меъёрҳои сохтмонии аз ҷониби Агентии сохтмон ва меъморӣ қабулшуда лоиҳаи терминали фурудгоҳи Душанберо омода намудааст. Меъёрҳои мавҷудаи сохтмонӣ танҳо бо тағир додани қонунҳои қабулшуда амалӣ карда мешаванд, ки дар шароити Тоҷикистон эҳтиёҷ ба тағйири қонунҳои  қабулшудаи сохтмонӣ нест. Маркаҳои семент ва класси бетони барои терминал пешбинишуда пурра ба меъёрҳои сохтмонии Тоҷикистон мувофиқанд, яъне барои сутанпояҳо бетони класси В-15 ва барои дигар деворҳои он класи В-25 истифода хоҳад шуд.

Март 2, 2010 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад