ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗ ДАР ПОЙТАХТИ БЕЛОРУСИЯ

Март 22, 2010 11:14

Душанбе,  22 март. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). —  21  март  дар  пойтахти  Ҷумҳурии  Белорусия – шаҳри  Минск  бо ташаббуси  сафоратхонаи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  ин  мамлакат   ҳамроҳи   ҷамъиятҳои тоҷикони   сокини  Белорусия  бахшида ба   таҷлили  иди  байналмилалии   Наврӯз  тантанаҳои  гуногун  баргузор гардиданд. Дар  яке  аз   онҳо, ки дар  шаҳри  Минск  баргузор  гардид,  тоҷикони  сокини   пойтахти  Белорусия  ва  шаҳрҳои  дигари  ин  мамлакат, инчунин  намояндагони  сафоратхонаҳои  мамлакатҳое, ки  Наврӯзро  ҷашн  мегиранд,  кормандони  масъули  Кумитаи  иҷроияи  ИДМ  ва  Вазорати  корҳои  хориҷии  Белорусия  ширкат  варзиданд. Сафири  Тоҷикистон  дар  Белорусия  Қозидавлат  Қоимдодов  ҷамъомадагонро ба  муносибати  Наврӯз  табрик  намуда,  дар  бораи таърихи  иди  Наврӯз  нақл  кард. Вай  хабар  дод, ки  Наврӯз  имсол   бо ташаббуси 10  мамлакат ва бо  қарори Маҷмаи  кулли  СММ бори  аввал   ҳамчун  иди  байналхалқӣ  ҷашн  гирифта  мешавад. Қ.Қоимдодов ташаббусҳои  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмонро  дар  бораи тезонидани  суръати  сохтмони  НБО «Роғун» ва  равнақу  ривоҷ  додани   муносибатҳо ва  ҳамкории  тиҷоратию  иқтисодӣ  ва  фарҳангии  Тоҷикистон  ва Белорусия,  инчунин  вусъат  бахшидани  равобити  ҳамаҷонибаи  Тоҷикистонро  бо  мамлакатҳои дигари   ИДМ  таъкид  намуд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  дар  варзишгоҳи  Мактаби  макхсуи   захираҳои олимпии   шаҳри  Минск  бахшида ба  иди  Наврӯз  мусобиқаи  гӯштингирӣ  баргузор  гардид.  Ба  ғолибони он  тӯҳфаҳои  хотиравӣ  ва  ҷоизаи   ба  номи  Қаҳрамони Иттиҳоди  Шӯравӣ,  зодаи  Тоҷикистон Домуллоҷон  Азизов  супорида шуданд,  ки  солҳои  Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ  барои озод  намудани  Белорусия  аз  фашистон  ҳалок  гардидааст.

Март 22, 2010 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад