ТАЙЁРИИ ТОЛИБИЛМОН БА ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ
Файзобод, 31 март.(АМИТ»Ховар», Зебо Давлатова).- Муовини мудири маорифи ноҳияи Файзобод Раҳим Пиров ба хабарнигори АМИТ»Ховар» иттилоъ дод,ки толибилмони синфҳои 9-10 аз ҳисоби хонандагони беҳтарин,40 нафар дар олимпиадаи фаннӣ ,ки дар ноҳияи Шаҳринав баргузор гардид,иштирок намуданд.Дар олимпиадаи мазкур аз тамоми мактабҳои тобеи маркази ҷумҳӯрӣ иштирок дошанд.Аз ҳисоби толибилмони Файзобод 24 нафар хонанда ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардиданд. Раҳим Пиров афзуд,ки олимпиадаи минтақавие,ки рӯзҳои наздик бо иштироки тамоми мактабҳои ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад,дар он 16 нафар хонандаи беҳтарин иштирок хоҳад кард.Инчунин хонандаи беҳтарини синфи 10 аз гимназияи ба номи Раупов-и ноҳия Хусрави Маҳмадризо дар олимпиадаи байналмиллалие,ки дар шаҳри Екатеринбург баргузор мегардад,иштирок менамояд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






