ТАРҲРЕЗИИ БАРНОМАИ ЭНЕРГЕТИКИИ КИШВАР

Март 19, 2010 11:26

Душанбе,19 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Пажӯҳишгоҳи «Нурофар» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рушди энергетикӣ дар оғози солҳои 90 – уми асри гузашта тарҳрезӣ шуда буд, ки   он бунёди нерӯгоҳҳои азими обиро  дар солҳои 1991 – 2005 пешбинӣ карда  буд. Дар асоси барномаи мазкур, бояд низоми энергетикии ҷумҳурӣ беш аз 5 маротиба афзоиш меёфт. Мӯҳлати пешбинишуда, бо рукуди давр амалӣ нашуд. Имрӯз, ки чунин шароит фароҳам омадааст, амалӣ шудани он танҳо  ба манфиати кор аст, — мегӯяд корманди Пажӯҳишгоҳ Сайдалӣ Тоҳиров. Мутобиқи нақшаи мазкур, танҳо дар дарёи Панҷ 13 нерӯгоҳ, ки иқтидори умумии онҳо аз 300 то 4 ҳазор МгВт буда, дар як сол 80,6 млрд. кВт соат нерӯи барқ истеҳсол мекунанд, пешбинӣ гардидааст. Калонтарини онҳо НБО –и  «Даштиҷум» мебошад, ки иқтидораш 4 ҳазор мВт  ва ғунҷоиши обанбораш 17, 6 км3 –  ро  ташкил медиҳад.  

Март 19, 2010 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад