ТЕНДЕР ҶИҲАТИ ИНТИХОБИ ПУДРАТЧӢ
Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тибқи қарори раиси шаҳр аз 25 –уми фврали соли 2010 «Дар бораи баргузории тендер» ҷиҳати интихоби пудратчии асосии иншоот,- таъмири асосии таваллудхонаи рақами 2 ва таъмири се квартираи осебдидаи бинои истиқоматии рақами 37/1, воқеъ дар хиёбони С. Шерозии ноҳияи Сино тендер баргузор менамояд. Дар тендер ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ ва ватанӣ, ки тахассуси сохтмонӣ доранд, ширкат карда метавонанд. Пудратчии асосии сохтмон оне мегардад, ки рӯзи 25 – уми март дар тендер ғолиб ояд, иброз доштанд дар Раёсати сохтмону меъмории шаҳр ба мухбири АМИТ «Ховар».








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






