ВОХУРИИ МИРЗОШОҲРУХ АСРОРӢ БО ҲАЙАТИ КОРИИ ЭКО
Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Имрӯз Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ҳайати кории Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО)-ро бо роҳбарии раиси он Ҳуҷҷатуллоҳи Аюбӣ, ки бо сафари кории шашрӯза ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, қабул намуд. Тавре, ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ тарафайн аз эълон гардидани ҷашни Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ изҳори хушнудӣ намуда, қайд карданд, ки соли 2011 таҷлили ҷашни Наврӯзи се давлати ҳамзабон дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Раиси Муассисаи фарҳангии Созмони хамкориҳои иқтисодӣ дар навбати худ изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон бисёр суннату маросим ва анъанаҳои наврӯзӣ то ҳанӯз боқӣ мондааст, ки дар Эрон аз байн рафтааст ва онҳоро бояд барои дигар кишварҳои узви ЭКО муаррифӣ намуд. Номбурда қайд намуд, ки Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ ва Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бо шеърҳои пурмазмуни худ натанҳо миёни мардуми форсзабон, балки дар ҷаҳон шинохта мебошанд ва тасмим гирифта шудааст то дар барномаи соли 2010-и ЭКО ҳамоишеро ба ифтихори ин шахсиятҳои бузург баргузор кунанд. Ёдрас мешавем, ки мақсад аз ин сафари ҳайати кории Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ кушодани намояндагии ЭКО дар Душанбе, ифтитоҳи фурўшгоҳи маҳсулоти фарҳангӣ-ҳунарии ЭКО дар шаҳри Хуҷанд ва ширкат дар Конфронси илмии «Имом-ал-Бухорӣ ва илми ҳадис» мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






