ЗАН САРДОРИ ПОЛИТСИЯИ СММ ТАЪИН ШУД
СММ. 10 март. (АМИТ «Ховар»). – Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун дар рӯзи байналмилалии занон зани шведӣ Ан – Мари Орлерро сармушовири политсияи СММ таъин намуд. Вай ба раёсати политсияи департаменти амалиёти дастгирии сулҳи Котиботи СММ роҳбарӣ мекунад. Пан Ги Мун зимни сафараш ба Чили дар ҷараёни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки баробар сохтани ҳуқуқи мардону занон яке аз самтҳои асосии фаъолияти ӯ мебошад. Бинобар ин изҳори қаноатмандӣ менамояд, ки Ан – Мари Орлер мушовири нави раёсати политсияи СММ таъин карда мешавад. Ан – Мари Орлер солҳои тӯлонӣ дар политсияи миллии Шветсия кор кардааст. Ӯ соли 2008 муовини мушовири раёсати политсияи СММ таъин шуда буд. Ба туфайли ӯ дар муассисаҳои гуногуни СММ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон занон бештар ба кор ҷалб карда мешаванд, гуфт Муншии умумии СММ.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






