Қ.БОҚИЕВ БА КУҶО МЕГУРЕХТА БОШАД?

Апрель 15, 2010 15:47

Душанбе,  15 апрел. (АМИТ «Ховар»). —   Субҳи  имрӯз  дар  шаҳри  Ӯши  Ҷумҳурии  Қирғизистон  намоиш ва  гирдиҳамоии  тарафдорони  Ҳукумати  муваққатии  мамлакат  баргузор  гардид. Президенти  фирорӣ  Қурмонбек  Боқиев  низ  мехост дар  гирдиҳамоӣ  иштирок  намояд,  вале  ба  ӯ  иҷозат  надоданд, ки ба  минбар  барояд.  Баъди  чанд  муддат  байни  тарафдорони  ҳукумати  муваққатӣ  ва Қ.Боқиев   задухӯрд  ба  амал омад. Муовини  аввали  раиси  вилояти  Ӯш Қушбек  Тезекбоев ҷамъомадагонро даъват  кард, ки  ба  ҳар гуна  иғвогарӣ  фирефта нашаванд. Вай  хитоб  кард, ки  барои  Боқиев  дар  Ӯш  ҷой  нест. Тарафдорони  ҳукумати  муваққатӣ  шиорҳои  ҷонибдорони  Боқиевро  пора — пора карданд. Тибқи  хабарҳои расида,   вазъияти  Ӯш  таҳти назорати  кормандони  милиса  қарор  дорад. Намошгарон, ки  дар  майдони  марказии  шаҳр  ҷамъ  омада буданд,  то  ҳол  пароканда нашудаанд. Тарафдорони  ҳукумати  муваққатӣ  ҷонибдорони  Қ.Боқиевро ба  майдон  роҳ  надоданд.  Посбонони Боқиев аз  аслиҳа ба  ҳаво  тир  парронда  одамонро  тарсонданӣ  шуданд. Аз  раёсати  корҳои  дохилии  вилояти  Ӯш  хабар  доданд, ки  Қ.Боқиев   чанде  пеш   шаҳри  Ӯшро тарк  намуда,  ба  самти  номаълум  рафтааст. Ба  қавли  шоҳидон,  Қ.Боқиев   ба  сӯи  Ҷалолобод  рафтааст. Аз  рӯи  баъзе  маълумотҳо,  Қ.Боқиев қаламрави  Қирғизистонро тарк намудан  мехоҳад.

Апрель 15, 2010 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад