ҶАВОНОНРО БА ДОНИШГОҲИ НОТТИНГЕМ ҶАЛБ МЕКУНАНД
Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Ширкати муштараки байналмилалии Тоҷикистон-Малайзия «Аҳмадсоз», бо мақсади дастгирии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2010-ро Соли маориф ва фарҳанги техникӣ, дар мавзӯи «Таълимоти илму технология ва дастовардҳои Донишгоҳи Ноттингем» семинар доир гардид. Директори Ширкати «Аҳмадсоз» Абдураззоқ Абдуллоев зикр намуд, ки ҳадафи аслии ин семинар огоҳ намудани ҷавонон аз дастовардҳои илму технологияи ҷаҳонӣ ва тарзу усули омӯзиши ҳамагуна илмҳо дар Донишгоҳи Нотиннгеми Ангилия, ки филиалҳои он дар Чин ва Малайзия низ мустақар аст. Устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия Парвона Ҷамшед таҳсили донишҷӯён дар хориҷи кишварро аз дастовардҳои нодири даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон унвон карда, гуфт, ки таҳсил дар донишгоҳҳои маъруфи ҷаҳон имкон медиҳад, ки малакаи дониши ҷавонон боло рафта, дар рушди минбаъдаи илму истеҳсолот дар Тоҷикистон мусоидат кунад. «Танҳо бо омӯхтани адабиёт, таърих, умуман илмҳои гуманитарӣ рушди минбаъдаи кишвар ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, бояд ба омӯзиши илмҳои дақиқ аҳамияти махсус дода шавад, то ҷавонон имкон пайдо намоянд, ки дар донишгоҳҳои маъруфи кишварҳои пешрафта таҳсил карда, ба густариши минбаъдаи илму ихтироот дар ҷумҳурӣ саҳм бигиранд», — тазаккур дод П. Ҷамшед. Мавриди зикр аст, ки Донишгоҳи Нотиннгем яке аз маъруфтарин муассисаҳои таълимии ҷаҳон маҳсуб ёфта, соли 2009 дар радифи 20 донишгоҳи маъруфи олам ворид гардид.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






