ҶАВОНОНРО ДАР АТРОФИ ИДЕЯҲОИ МИЛЛӢ ҶАМЪ МЕКУНАНД

Апрель 15, 2010 15:14

Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). –13 апрел бо ибтикори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ дар мавзўи «Нақши ваҳдати миллӣ дар тарбияи ҳарби ватандустӣ ва истиқлолиятшиносӣ» дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Китобхонаи миллии ба номи А. Фирдавсӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт. Тавре ба АМИТ «Ховар» муовини сардори раёсати корҳои тарбиявии ин Кумита, подполковник Музаффар Усмонов иттилоъ дод, дар конфронси мазкур роҷеъ ба мавзўҳои «Истиқлолият ва ваҳдат», «Мақоми ҷавонон дар таҳкими ваҳдат ва ризоияти ҷомеа», «Нақши китобҳо дар тарғиби истиқлолият ва ваҳдат» маърӯза шуда, мўҳтавои ҳамаи ин мавзўҳо ба таври гузориш баррасӣ шуд. Мавриди зикр аст, ки ҳадафи аслии ин конфронс муттаҳид сохтани ҷавонон дар атрофи идеяҳои миллӣ буда, дар он бештар ҷавонон аз ҳайъати хизматчиёни ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ҷалб шуданд.

Апрель 15, 2010 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад