24 — СОЛАГИИ ФАЛОКАТИ ЧЕРНОБИЛ

Апрель 26, 2010 10:23

Душанбе,  26 апрел. (АМИТ «Ховар»). —  Имрӯз  дар  саросари  ҷаҳон  24 —  солагии   фалокати Нерӯгоҳи  барқи  атомии  Чернобил  таҷлил  карда  мешавад.  Фалокати  мазкур   26  апрели  соли  1986 рух  дода буд. Ҳамон рӯз  блоки  чоруми энергетикии  нерӯгоҳ  бар асари  таркиш  харобу  валангор  гардид. Дар  натиҷа  реактори атомии  нерӯгоҳ  аз  кор  баромад ва  ҳаҷми  хеле  зиёди  моддаҳои  радиоактивӣ  ба  муҳити  атроф  хориҷ  гардид. Абри  радиоактивии  дар  натиҷаи  фалокат   хориҷгардида  фазои  қисми  аврупоии  ИҶШС,  Аврупои  шарқӣ  ва  ҷазираҳои  Скандинавияро  фаро  гирифт.  Тақрибан  60 фоизи моддаҳои радиоактивӣ  дар  қаламрави  Белорусия  ба  қайд  гирифта шуд. Зимни  бартараф  сохтани  оқибати  фалокат  танҳо  як  нафар  ҳалок  шуд, як  нафари  дигар   субҳи  рӯзи  дигар  бар  асари  ҷароҳатҳои  вазнин  вафот  кард.  Баъдан   миқдори  зиёди  кормандони  нерӯгоҳ  ва аъзоёни  гурӯҳҳои  наҷотдиҳанда ба бемориҳои  гуногуни  радиоактивӣ  гирифтор  шуданд. 28  нафари онҳо  дар  давоми  чанд  моҳи  баъди  фалокат  вафот  карданд.

Апрель 26, 2010 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад