3500 $ НАСИБИ КӢ ГАРДИД?

Апрель 19, 2010 11:14

Душанбе, 19 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Намояндаи Ҷумҳурии Қазоқистон, устоди дараҷаи байналмилалӣ Тоҳир Маҳмадшоев дар нахустин ниммарафони  байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт дар масофаи 21 км  0,97 м ғолиб гардида,  бо дипломи шаҳри Душанбе ва  3500 доллари амрикоӣ сарфароз гардид. Дар байни занҳо бошад зинаи аввал бо маблағи 3500 доллари амрикоӣ насиби намояндаи шаҳри Москваи  Федератсияи Русия Надежда Поваляева гардид. Зинаи дуюми мусобиқаро  бо маблағи 3000 долари ИМА намояндагони  Русия Юрий Чигин ва Мария Малышева мушарраф гардиданд. Ҷойи сеюмро намояндагони Русия ва Чин Александр Картович ва Ранг Ронг бо маблағи 2500 доллари ИМА бо ҳам диданд.   Зинаи чоруми мусобиқа бо маблағи 2000 доллари ИМА насиби Денис Багреев (Қирғизистон) ва Надима Мирзоева (Тоҷикистон) шуд. Сотиболдӣ Ҳатов  ва Хосият Тошева ҳар ду аз Тоҷикистон зинаи 5-уми мусобиқаро соҳиб шуда, бо 1800 доллари ИМА сарфароз гардиданд. Зинаи шашуми мусобиқа насиби намояндаи шаҳри Шерози Эрон Муслим Ниёзпур ва Нодира Мирзоева (Тоҷикистон) бо 1500 доллари ИМА гардид. Бояд зикр кард, ки дар нахсутин ниммарафони байналмилалӣ намояндагони барордаршаҳрҳои Душанбе аз кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон, Чин, Амрико,  Фаронса ва Канада, инчунин варзишгарон ва дӯстодорони варзиш аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалии  дар Тоҷикистон фаъолиятдошта, ширкат намуданд.     

Апрель 19, 2010 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад