АҲАМИЯТИ ҲАМКОРИИ СААД ВА САҲА БАРОИ ТАЪМИНИ АМНИЯТ

Апрель 19, 2010 09:32

Душанбе,  19 апрел. (АМИТ «Ховар»). —  Муншии  умумии  Созмони  аҳдномаи  амнияти дастаҷамъӣ  Николай  Бордюжа дар  Вена дар  маҷлиси  муштараки  Шӯрои доимии СААД  ва Анҷумаи  ҳамкорӣ  дар  соҳаи  амният  изҳор  намуд, ки   ҳамкории  СААД  бо  САҲА  барои  ҳалли  проблемаҳои  замони  ҳозира,  аз ҷумла  бартараф  сохтани   бӯҳрони  Қирғизистон  барин  проблемаҳо  аҳамияти  калон  дорад.  Н.Бордюжа  таъкид кард, ки   ҳар  ду  созмон  минбаъд  дар  ҳамаи  соҳаҳо,  хусусан   масъалаҳои   сиёсию  ҳарбии  таъмини  амният ҳамаҷониба  ҳамкорӣ хоҳанд  кард. Ӯ  аз ҷараёни  мубодилаи  муттасили  маълумот бо  САҲА  дар  масъалаи  вазъияти  Афғонистон  ва  проблемаҳои  дигар  изҳори  қаноатмандӣ  намуд. Қайд  карда  шуд, ки  СААД инчунин  бо  СММ,  Иттиҳоди  Аврупо  ва  созмонҳои  дигари  минтақавию  байналхалқӣ  самарабахш  ҳамкорӣ  мекунад. Намояндагони  СААД  тӯли  рӯзҳои  охир  дар  Бишкек  бо  намояндагони  созмонҳои  минтақавию  байналмилалӣ  мулоқотҳо  анҷом  дода, нақшаи  ягонаи  бартараф  сохтани  оқибати  бӯҳрони  сиёсиро  дар  ин  мамлакат  таҳия  намуданд,  гуфт  Н.Бордюжа. Қайд  карда  шуд, ки мамлакатҳои  аъзои  СААД  низ   ба  ҳамкорӣ  бо  ҳамдигар  тайёранд  ва  ин  моро  ба  иҷрои  вазифаҳои  дар  назди  созмон  гузошташуда  умедвор  месозад,  гуфт Муншии  умумии  СААД.

Апрель 19, 2010 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад