АРАБИСТОНИ САУДӢ МУҲОҶИРОНИ КОРИИ ТОҶИКРО БО КОР ТАЪМИН МЕКУНАД?

Апрель 1, 2010 16:44

Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тайи солҳои охир ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ вусъати тоза мегиранд. Ин нуқта зимни мулоқоти раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва Кордори Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурраҳмон ибни Саид ал-Ҷумъа қайд гардид. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба рушди ҳамкорҳои минбаъда дар соҳаҳои мухталиф омодагӣ ва манфиатдор будани худро изҳор карда, доир ба вусъат додани равобити иқтисодию фарҳангӣ ва таҳкими муносибатҳо мубодилаи афкор намуданд. Ҳарду тараф омодагии хешро баҳри ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти бунёди митақаи озоди иқтисодии Суғд изҳор доштанд. Саид ал-Ҷумъа гуфт, ки кишвараш барои бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирини кории тоҷик омода буда, аз раиси вилоят дархост намуд, ки барои содироти меваи хушк аз вилоят ба Арабистони Саудӣ мусоидат намояд.

Апрель 1, 2010 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад