АЗ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ БА БАРНОМАҲОИ ИҚТИСОДӢ
Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Равобити ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Эрон дар сатҳи фарҳангӣ хуб пеш меравад, аммо барномаи аслии мо дар оянда сирф иқтисодӣ хоҳад шуд,- мегӯяд котиби сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ҷаноби Ҳасан Каррубӣ. Ба анешаи котиби сафоратхонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз масоили муҳим ин ҳамкориҳои минтақавист, ки дар даҳҳаи охири асри гузашта дар ҷаҳон матраҳ шуда буд. Чунин ҳамкориҳо дар Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна хеле муносиб ва мувофиқ аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати захираҳои зеризаминӣ ва энергетикӣ кишвари беназир аст. Манобеи Тоҷикистон метавонад бавуҷудоварандаи ҳамкориҳо дар ин замина бошад. Ба гуфти Ҳасан Каррубӣ, ҳадафҳои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалии Шанхай, ЭКО, Конфронси Исломӣ дар асоси манфиатҳои муштарак метавонанд боз ҳам беҳтар амалӣ гарданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






