БА ВОРИДОТИ «ГМО» РОҲ ДОДА НАМЕШАВАД
Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз рӯи тадқиқоти олимони хориҷӣ аз ҷиҳати генетикӣ дигар кардани организм «ГМО» — и чӣ наботот ва чӣ ҳайвонот оқибатҳои нохуш дорад. Аз рӯи таҳқиқи олимон бемориҳои саратон, ҳассосият, фарбеҳшавӣ бо истифода аз истеъмоли маҳсулоти трансгенӣ алоқаманд аст. Ба гуфти олимаи рус Ирина Ермакова, таъсири лӯбиёи трансгениро дар насли навъи мушҳо омӯхтааст, ки нисфи онҳо дар рӯзҳои аввали таваллудашон фавтиданд. Дар организми онҳо баъди истеъмоли орди лӯбиёи трансгенӣ тағйирот ва нуқсонҳои зиёде мушоҳида гардидааст. Баъзе бемориҳоро, ки аз лиҳози генетикӣ такмилёфтаанд, табобат имконнопазир аст. Дар давлатҳои Аврупо қонун дар бораи маҳсулоти трансгенӣ амал мекунад. Ба гуфти президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Ҳукматулло Аҳмадов, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гӯшти мурғе,ки дар таркибаш моддаи дигаргункунандаи организм «ГМО» мавҷуд буд, пешгирӣ карда шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






