БАРҚИЯИ ҲАМДАРДИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ, ҷаноби Жак Роге барқияи ҳамдардӣ фиристод. Дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Ҷаноби мӯҳтарам, раис, аз хабари вафоти раиси ифтихории Кумитаи байналмиллии олимпӣ Хуан Антонио Самаранч ниҳоят андӯҳгин гардидам. Ин барои тамоми ҳаракати олимпии байналмилалӣ ва ҷаҳон талафоти бузург мебошад. Хуан Антонио Самаранч ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ бештар аз 20 сол роҳбарӣ карда, на танҳо барои ташвиқу тарғиб ва оммавӣ гардонидани варзиш ва ҳаракати олимпӣ дар саросари ҷаҳон корҳои зиёдеро ба сомон расонд, балки дар таҳкими сулҳ, ташвиқу тарғиби сабру таҳаммул ва ғояҳои инсондӯстӣ саҳми калон гузошт. Ҳамаи одамони хайрхоҳи ҷаҳон хотираи ин шахси бузург ва арбоби барҷастаи ҷамъиятиро фаромӯш нахоҳанд кард, ки дар тамоми гӯшаю канорҳои ҷаҳон соҳиби обрӯю эътибори баланд гардидааст. Аз Шумо, ҷаноби раис, хоҳишмандам, ҳамдардии самимонаи ҳамаи олимпичиёни Тоҷикистонро ба аҳли оила ва хешу таборони Х.А.Самаранч бирасонед».








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






