ЧАНД МИЛЛИОН КИЛОВАТТ- СОАТ НЕРӮИ БАРҚ САРФА ШУД?

Апрель 24, 2010 11:49

Душанбе, 24 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «2 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми як сол бо гузариш ба истифодаи лампаҳои каммасраф сарфа гардидааст, гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат 24 апрели соли 2010. Ба андешаи Сардори давлат гузариш ба истифодаи лампаҳои каммасраф дар қаламрави мамлакат на танҳо ба сарфаи нерӯи барқ , балки муҳимтар аз ҳама фасли тирамоҳу зимистонро мардум бо азоби камтар паси сар намуд. Президенти мамлакат афзуд, ки барои таъмини амнияти энергетикӣ ва паст кардани сатҳи вобастагии кишвар аз воридоти сӯзишворӣ сарфаю сариштакорӣ афзалияти бештар дорад. Ҳамзамон, Сардори  давлати Тоҷикистон таъкид сохт, мо бояд аз рӯи ғунҷоиши истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ ба кишварҳои тараққикарда наздик шавем. Аз ин рӯ, ба мо зарур аст, ки хароҷоти барқро барои коркарди маҳсулоти дохилии мамлакат ҳар сол то 3-4 % кам намоем. Дар ҳолати  амалӣ шудани ин тадбир солона ҳудуди  200-270 ҳазор тонна сӯзишворӣ сарфа мегардад.

Апрель 24, 2010 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад