ЧАРО ДАРОМАДИ БУҶЕТ ТАЪМИН НАГАРДИД?
Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ афзоиш ёфта, рушди реалии он ба 6,8 фоиз баробар гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,3 фоиз зиёд мебошад. Дар ин бора 26 апрел вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ӯ афзуд, ки ҳаҷми номиналии Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ 3,9 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиши номиналии он ба 20,5 фоиз баробар гардид. Ба буҷети давлатӣ дар се моҳи аввали соли равон зиёда аз 1 млрд. сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 158,0 млн. сомонӣ зиёд аст. «Даромади буҷет аз рӯи андозҳои дохилӣ дар ин давра ба андозаи 108,4 фоиз иҷро шуда, ба буҷет зиёда аз 618,0 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки ин аз нақша 48,0 млн. сомонӣ ва нисбати соли гузашта 139,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоии корхонаҳои ғайрибуҷетӣ 118,0 млн. сомонӣ ворид гардид, ки он 101,7 фоизи нақшаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,0 млн. сомонӣ зиёд шуд», — гуфт вазир. Ғайр аз ин, аз ҳисоби маблағҳои махсус 46 млн. сомонӣ, маблағҳои грантӣ ва қарзии ташкилотҳои байналмилалӣ зиёда аз 100 млн. сомонӣ ва қарзи давлатӣ 44 млн. сомонӣ ба буҷет ворид гардид, ки бо назардошти ин сарчашмаҳо даромади умумии буҷети давлатӣ дар се моҳи соли ҷорӣ 95,5 фоиз иҷро гардида, воридоти он қариб 1,2 млрд. сомониро ташкил медихад. Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ дар се моҳи якуми соли ҷорӣ 85 фоизи нақшаро ташкил дода, ба буҷет 100 млн. сомонӣ маблағ кам ворид гардид. Воридоти ками буҷет асосан аз рӯи пардохтҳои гумрукӣ ба вуҷуд омадааст.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






