ЧАРО МАЛАХ НЕСТ НАМЕШАВАД?

Апрель 19, 2010 17:21

Қӯрғонтеппа, 19 апрел. (АМИТ "Ховар", Юсуфбек Беков).- Дар 15 ноҳияи    вилояти Хатлон малах   зиёда аз 20 гектар  замини корамро талаф додааст. Дар ин бора ба мухбири АМИТ   «Ховар» аз раёсати кишоварзии вилояти Хатлон хабар доданд.  Ҳамлаи малах дар ин вилоят бештар дар заминҳои кишти гандум ва пахта ба назар мерасад, ки аз рӯи ақидаи коршиносони кишоварзӣ,малахи ҳамлакарда , навъи Марокашӣ будааст,ки нисбати дигар малахҳо сахтҷон буда, дар гармо ва сармо тобовар мебошад.Ҳамлаи малах дар вилояти Хатлон ба заминҳои корам бори аввал набуда,  соли қабл низ ҳисороти зиёде оварда буд. Барои нест кардани малах ва дигар ҳашароти зараррасон Вазорати кишоварзӣ ба вилояти Хатлон  4 ҳавопаймо харидорӣ ва тақдим карда буд,ки бо сабаби набуди маблағ истифода намешаванд. Аммо коршиносони кишоварзи дар ин вилоят мегӯянд,ки сабаби афзоиши малах байни симхорҳои ду сарҳади ҳамсоя ба вилояти Хатлон, Афғонистон ва Ӯзбекистон мебошад,ки бинобар тоза накардани байни онҳо малах зиёд шуда тозакарданаш душвор мешудааст.              

Апрель 19, 2010 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад