ДАР БАДАХШОН БОЗ 200 НАФАР БО КОР ТАЪМИН ШУД
Хоруғ, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Л. Додо). — 19-уми апрел бо ибтикори шӯъбаҳои Агении ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон барои бо ҷои кор таъмин намудани шахсони бекор ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ доир гардид. Чунон, ки мутахасиси пешбари шӯъбаи Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати шаҳри Хоруғ Лутфия Абдулмаҷидова иброз дошт, дар ярмарка 301 ҷои кор пешниҳод гардида, намояндагони идораҳои сохтмонӣ, Раёсати хоҷагии об, шӯъбаи корҳои дохилӣ, Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ширкат варзиданд. Дар ин ярмарка беш аз 200 нафар соҳиби ҷои кор гардида, чунин ярмаркаҳо дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят ҳар моҳ гузаронида мешаванд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






