ДАР БИШКЕК ВАЗЪИЯТИ ФАВҚУЛОДДА ҶОРӢ КАРДА ШУД

Апрель 7, 2010 16:53

Душанбе,  7 апрел. (АМИТ «Ховар»). —  Аз  дафтари  матбуоти ҳукумати   шаҳри  Бишкек  хабар доданд, ки  дар  пойтахти  Қирғизистон  вазъияти  фавқулодда ҷорӣ  карда шуд.  Дар  хабар гуфта  мешавад, ки  ҷорӣ  кардани  вазъияти  фавқулодда  ҳуқуқи  шаҳрвандонро  маҳдуд  намесозад,  танҳо  ба  онҳо  тавсия  дода шудааст, ки  дар  вақти  муқарраршуда  аз  хонаҳояшон  берун  набароянд. Аз  рӯи  хабарҳои   воситаҳои  ахбори оммавӣ,  имрӯз  дар  шаҳри  Бишкек  байни  кормандони  милиса  ва   намоишгарон якчанд  задухӯрди шадид ба  амал омад.  Дар натиҷа  чандин  одамон  маҷрӯҳ  шуданд. Хабар дода  мешавад, ки қариб  90  нафар  маҷрӯҳ ба  шифохонаҳо  фиристода шуд. Президенти  Ҷумҳурии  Қирғизистон  Қурмонбек  Боқиев  шаби  гузашта  дар  бораи  ҷорӣ намудани  вазъияти  фавқулодда  ва  қуюди  шабгардӣ  фармон  имзо  карда,  ба  муҳокимаи  парлумон фиристод. Қуюди  шабгардӣ  дар  Бишкек  аз  соати 22 то 8 – и  субҳ давом  мекунад.  

Апрель 7, 2010 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад