ДЗЮДОЧИЁН ЗИДДИ МАВОДИ МУХАДДИР
Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Иттиҳодияи хабарнигорони риштаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамкории Федератсияи дзюдои ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори «Варзиш зидди маводи мухаддир», семинари якрӯзаро оиди усулҳои коҳиши истифодабарии маводи мухаддир ва нашъаҷаллобӣ тавассути хабарнигории риштаи варзиш гузаронид. Семинарии мазкурро Шӯъбаи сафорати ИМА оиди назорати маводи мухаддир ва тартиботу ҳуқуқ сарпарастӣ намуд. Дар семинар зиёда аз 20 нафар рӯзноманигорони соҳаи варзиш аз расонаҳои хабарии чопӣ, телевизиону радио ва агентиҳои иттилоотӣ иштирок карданд. Онҳо усулҳои пахши иттилоот дар бораи робитаи байни варзиш ва тарзи солими хаётро мавриди муҳокима қарор доданд. Баъд аз семинар аз 30 апрел то 2 май дар қасри теннис баргузории чемпионати навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дзюдо пешбинӣ шудааст. Чорабинӣ маводи тарғиботии ба варзишгарони ҷавон ва мухлисони онҳо равонашудаи алайҳи маводи мухадирро дар бар мегирад. Он ба ҷавонони зери хавфи истифодабарии маводи мухаддир қарор дошта равона шудааст. Баъди чорабинӣ иштирокчиёни мусобиқа ва устодони варзиш ба ҷойҳои истиқомати худ баргашта бо ҷавонони Душанбе, Хоруғ, Кӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Хуҷанд дар бораи дастовардҳои худ, хатарнокии маводҳои мухаддир, ва эҳтимоли дар оянда монеашавии истифодаи он ба расидан ба орзуҳои онҳо сӯҳбатҳо доир менамоянд. Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида омода аст дастгирии муборизаи алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро тавассути барномаҳои коҳиши талабот ба маводи мухаддир идома дихад. Шӯъбаи Сафорати ИМА оиди назорати маводи мухаддир ва тартиботу ҳуқуқ аз соли 1992 бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои кӯмакрасон барои таъмини амнияти марзҳо, дастгирии волоияти қонун ва мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба ҳисоби умумии зиёда аз 29 миллион доллари амрикоӣ ҳамкорӣ мекунад.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






