ГУСТАРИШИ САРҲАДИ ДОНИШ
Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Соҳаи табъу нашр, бахусус китоб ва маҷаллоти илмӣ яке аз унсурҳои хеле муқтадири тарғиби тамаддун ва фарҳанг аст. Аз ин рў, ҳар кишвар кўшиш мекунад, то фарҳанги худро дар ҷаҳон мондагор созад. Тайи чанд рўзи охир, масъулини фирмаи «Информнаука»- и шаҳри Маскави Россия дар Академияи илмҳои Тоҷикистон бо олимону муҳаққикони тоҷик мулоқот анҷом медиҳанд. Аз маркази матбуоти Академияи илмҳо ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки субҳи 15 апрел намояндагони ин ташкилот бо ноиби президенти АИ ҶТ, академик Каримов Х. мулоқот намуда, масоили робитаҳои ҳасанаи дуҷониба, доду гирифти маълумоти илмӣ ва таъмини маводи чопии илмиро баррасӣ карданд. Намояндагони «Информнаука» ба Тоҷикистон як зумра матбуоти илмиро овардаанд, ки дар китобхонаи АИ ҶТ ба маърази тамошо гузошта шудааст. «Информнаука» хадамоти обунавист, ки матбуоти илмии Россияро ба забони русиву англисӣ дар хориҷ аз он тарғиб мекунад. Фаъолияти ин ташкилот иборат аз таъмини обунаи мизоҷон дар хориҷ аз Руссия бо маводи чопии илмӣ буда, маҳсулоти пешниҳод мекардаи он ҷавобгӯй ба меъёрҳои ҷаҳонӣ аст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






