ИҚДОМИ НАҶИБИ ШАҲРДОРИ ДУШАНБЕ

Апрель 26, 2010 14:54

Душанбе, 26 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ба ифтихори 65–умин солгарди ҷашни Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945  Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев 1499 нафарро бо кӯмакпулиҳои якдафъаина сарфароз гардонид. Бо ин мақсад аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳрӣ  947 ҳазору 550 сомонӣ ҷудо карда шуд. Тибқи иқдоми Раиси шаҳр ба ҳар кадом иштирокчиёну маъюбони ҶБВ солҳои 1941-1945,  муҳосирабудагони шаҳри Ленинград, шахсони бо ордену медалҳои ИҶШС барои меҳнати фидокорона ё хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои ҶБВ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони рафъи садамаи нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил, оилаи шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок гардидаанд ва ба ҳамсарони ҷанговарони дар ҶБВ ҳалокгардида, ки дар шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд ба андозаи 450 сомонӣ  кӯмакпулиҳои яквақта дода мешавад. Алҳол, дар шаҳри Душанбе 260 нафар маъюб ва иштирокчии ҶБВ солҳои 1941-1945  зиндагӣ намуда, ба онҳо ҳар моҳ аз ҳисоби буҷети шаҳрӣ илова ба нафақаашон 150 сомонӣсупорида мешавад.  

Апрель 26, 2010 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад