ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПОЙТАХТ
Душанбе, 15 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҷиҳати истиқболи сазовори Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе 10 иншооти ҷашнӣ ба маблағи 21, 4 миллион сомонӣ ба истифода дода мешавад. Ин иншоотҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷавию соҳибкорӣ сохта шудаанд. Аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои буҷаи шаҳр дар маҳаллаи «Равшангарон», ки ғолиби озмуни «Маҳаллаи беҳтарини шаҳри Душанбе-соли 2008» аст, Маркази ҷамъиятии иборат аз се ошёна ба маблағӣ 1,8 миллион сомонӣ ба истифода дода мешавад. Он дорои толори тӯйгузаронӣ, ошхона, утоқҳои истироҳатию машваратӣ, нозири минтақавии корҳои дохилӣ, шӯъбаи бонки амонатгузорӣ, бунгоҳи тиббӣ, Интернет-кафе, сартарошхона, дӯкони таъмири соату пойафзол, кошонаи ҳусн ва дигар намуди хизматрасониҳо барои 200 ҷой мебошад. Инчунин, дар ҳудуди мактаби №28 ба маблағӣ 4 миллион сомонӣ бинои иловагии дорои 640 ҷойи нишаст ба истифода дода мешавад. Аз ҳисоби соҳибкорони пойтахт бошад, хонаи истиқоматии бисёрошёнаи 72 квартирадор, воқеъ дар кӯчаи Айнӣ, хонаи истиқоматии 5-ошёна дар маҳаллаи Зарафшон, азнавсозии пешайвон ва анҷомхона бо табдилдиҳии онҳо ба манзили истиқоматии 5-ошёнаи бисёрквартирадор, дар кӯчаи М.Қурбонов, азнавсозии хобгоҳи хусусигардонидашуда, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев, 63/3«б» бо табдил додани он ба хонаи истиқоматии бисёрҳуҷрадор ва Маркази маишиву хизматрасонии муосир дар кӯчаи М.Шерализода дар маҷмӯъ ба маблағи 11,2 млн сомонӣ ба масоҳати беш аз 15 ҳазор метри мураббаъ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






