КӮМАКИ ХАЙРИЯ БА ХОНА-ИНТЕРНАТҲО
Душанбе, 21 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Бино ба маълумоти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои давлатии хона-интернатҳо 1496 нафар бошандагон зиндагӣ мекунанд, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ бо хӯроки гарм, сару либос, ҷои хоб хизматрасонии иҷтимоӣ ва тиббӣ таъмин мегарданд. Илова бар ин, 20 нафар кӯдакони маъюб бо волидайнашон дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии тавонбахшии Чорбоғ» ба мӯҳлати 21 рӯз табобат ва маслиҳат мегиранд. Бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии иҷтимоии маъюбон барои муассисаҳои давлатии хона-интернатҳо ва истироҳатгоҳҳо дар се моҳи соли ҷорӣ аз буҷети ҷумҳурӣ тибқи нақша 3 588 785 сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба семоҳаи аввали соли 2009 1 229 468 сомонӣ зиёд буда, то имрӯз пурра маблағгузорӣ шудаанд. Бояд қайд намуд, ки илова бар маблағҳои ҷудогардида, аз ҷониби вазорату идораҳо новобаста аз шакли моликият ва шахсони алоҳида ба маблағи 331457 сомонӣ кӯмаки хайрия ворид гардидааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






