КУРСИИ РАИСИ ПАЛАТАИ БОЛОИИ ПАРЛУМОН НАСИБИ КӢ МЕГАРДАД?
Душанбе, 20 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-23-уми апрели соли 2010 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор мегардад. Дар назар аст, ки дар иҷлосияи нахустини палатаи болоии парлумони мамлакат масъалаҳои ташкилӣ, ба мисли интихоби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони Раис, раисони Кумитаҳои Маҷлиси миллӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Бояд зикр кард, ки Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун палатаи болоии парлумони Тоҷикистон 10 сол муқаддам таъсис дода шуда, аз 34 аъзо иборат аст. Дар интихоботи 25 марти соли 2010 баргузор гардида, 25 нафар аз ҷониби Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ узви Маҷлиси миллӣ интихоб шуданд, ки 3 нафарашро занон ташкил медиҳанд. 8 нафари дигар бошад бо Фармони Президенти мамлакат ба узвияти Маҷлиси миллӣ таъин гардиданд. Нахустин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов узви якумраи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






