МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ҶУМҲУРӢ АФЗУД
Душанбе, 23 апреля. (АМИТ «Ховар, Покиза Маҳмадбекова). – Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар се моҳаи авали соли 2010 ба маблағи 449,3 миллион сомонӣ расид, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5,7 фоиз зиёд мебошад. Дар соли 2009 истеҳсоли ғалла ба маблағи як миллиону 294,7 ҳазор сомонӣ расид. Аз ҷумла, 800 ҳазор тонна гандум, ки нисбати соли 2008- ум 37,3 фоиз афзоиш ёфтааст. Аз рӯи иттилоъи Раиси Агентии омори назди Президенти Ҷyмхурии Точикистон Бахтия Мухаммадиева то якуми апрели соли 2010 дар ҷумҳурӣ маҳсулоти умумии дохилии истеҳсолшуда ба маблағи 3992,9 миллион сомонӣ расид, ки нисбати семоҳаи аввали соли 2009-ум 106, фоиз афзудааст. Дар ҳамаи категирияҳои хоҷагӣ 1090 тонна сабзавот истеҳсол карда шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2,4 фоиз афзудаст. Гардиши савдои хориҷӣ бошад, якҷоя бо қувваи барқ ва гази табиӣ 793,9 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 ба маблағи 7,3 миллион доллари амрикоӣ камтар аст. Тарозӣ савдо манфӣ буда, 288,3 миллион долларо ташкил дод. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 73 мамлакат, аз ҷумла бо 10 мамлакати ИДМ ва бо 63 давлати хориҷӣ дур муносибати савдои хориҷӣ дорад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






