МАРКАЗИ НАВИ ҶАМЪИЯТӢ ДАРИ ХУДРО БОЗ КАРД

Апрель 17, 2010 11:56

Душанбе, 17 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ба ифтихори таҷлили Рӯзи пойтахт 17 апрел дар маҳаллаи «Равшангарон»-и пойтахт Маркази сеошёнаи ҷамъяитӣ ба истифода супорида шуд, ки дар маросими он Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, фаъолони пойтахт ва сокинони маҳалла иштирок намуданд. Раиси шаҳр сокинони маҳаллаи «Равшангарон»-ро бо Рӯзи пойтахт ва ифтитоҳи маркази нави ҷамъяитӣ табрик намуда, ба онҳо саломатӣ ва комёбиҳо ҷиҳати саҳм гузоштан дар ободонию пешрафти пойтахт орзу намуд. Бояд зикр кард, ки Маркази ҷамъиятӣ барои 200 ҷой  аз ҳисоби маблағҳои буҷаи шаҳр дар ин  маҳалла бунёд карда шуд. Маҳаллаи  «Равшангарон», ғолиби озмуни «Маҳаллаи беҳтарини шаҳри Душанбе-соли 2008» аст. Маркази ҷамъиятӣ, ки ба маблағи 1,8 миллион сомонӣ сохта шудааст аз толори тӯйгузаронӣ, ошхона, утоқҳои истироҳатию машваратӣ, нозири минтақавии корҳои дохилӣ, шӯъбаи бонки амонатгузорӣ, бунгоҳи тиббӣ,  Интернет-кафе, сартарошхона, дӯкони таъмири соату пойафзол, кошонаи ҳусн ва дигар намуди хизматрасониҳо иборат аст.

Апрель 17, 2010 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст