НАҚШАҲО ИҶРО МЕШАВАНД
Хуҷанд, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Дар давоми семоҳаи аввали соли 2010 ба буҷети маҳаллии вилояти Суғд 94 миллиону 965 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки аз нақшаи пешбинишуда 13 миллиону 131 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз Раёсати умумии молияи вилоят ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки қисмати хароҷоти буҷет дар ин давра 85,8 миллион сомониро ташкил дод. Аз ин маблағ 63,9 миллион сомонӣ барои қонеъ гардонидани талаботи соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳанг сарф карда шуд. Тӯли се моҳи гузашта мувофиқи нақшаи тасдиқшуда аз ҳисоби буҷети вилоят ба шаҳру ноҳияҳо кӯмак расонида шуд. Аз ҷумла, ба шаҳри Табошар 335,5 ҳазор, ба ноҳияи Айнӣ 1 миллиону 201 ҳазор, ба ноҳияи шаҳристон 808,9 ҳазор, ба ноҳияи Ашт 1 миллиону 231,9 ҳазор, ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 613 ҳазор ва ба ноҳияи Ғончӣ 1 миллиону 757 ҳазор сомонӣ кӯмак расонида шуд. Дар ин муддат мувофиқи дархости комиссияҳои шаҳрию ноҳиявӣ барои ҷуброни маблағи пардохти қувваи барқ ва гази истифодашуда барои гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ 3 миллиону 51,7 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






