НАҚШАҲОИ КАЛОНИ МУРҒҲОИ ЗОТӢ

Апрель 7, 2010 16:21

Суғд, 7 апрел.(АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Таъмини бозори дохилӣ бо тухм ва гӯшти парҳезии парранда яке аз рукнҳои муҳими расидан ба истиқлолияти озуқавории мамлакат мебошад. Дар фабрикаи паррандапарварии ҶС «Симурғ»-и шаҳри Истаравшан давоми як моҳи гузашта қариб 15 ҳазор сар чӯҷаҳои хушсифати дар оянда тухмдеҳ аз хелҳои маъруфи олмонии «Ломан-браун» истеҳсол карда шуд, ки ин як моҳро таҷриба гуфтан мумкин аст, аммо асли ин зиёд кардани саршумори паррандаи хушсифат мебошад. Фабрикаи паррандапарварии ҶС «Симурғ»-и шаҳри Истаравшан дар як сол имкон дорад аз хелҳои сермаҳсул то 1 миллион саршумор чӯҷа истеҳсол намуда, ба фабрикаҳо ва умуман ба паррандапарварону аҳолӣ фурӯшад. Зеро иқтидори як моҳаи фабрика  хобонидани то 135 ҳазор тухм ва гирифтани 80-90 ҳазор сар чӯҷа мебошад. Баъди оғози кор ва таҷрибаи якмоҳа Фабрикаи паррандапарварии ҶС «Симурғ»-и шаҳри Истаравшан бо дастгирии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Саноати паррандапарварии Тоҷикистон» оид ба ташкили корхонаи муштарак бо яке аз ширкатҳои номдори паррандапарварии Ҷумҳурии Олмон оид ба роҳ мондани истеҳсоли инкубатсионии чӯҷаҳои ҳамаи 7-8  маъруфи мурғҳои тухмдеҳу гӯшти парҳезии «Ломан-браун» гуфтушунид анҷом медиҳад, ки бино ба пешбиниҳо самараи хуб меоварад.                    

Апрель 7, 2010 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад