ОЗМУН ДАР БАЙНИ СОҲИБКОРОНИ ПОЙТАХТ
Душанбе, 12 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар пойтахт озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе» гузаронида мешавад. Озмун дар ду давр баргузор гардида, даври аввали он то 22-юми апрели соли равон дар ноҳияҳои пойтахт ва даври дуюм байни ғолибони даври якум то 28-уми апрели соли 2010 ҷараён мегирад. Озмун аз рӯйи 8 номгӯй — «Истеҳсоли молҳои истеъмолии халқ», «Истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук», «Истеҳсоли махсулоти истифодаи саноат», «Сохтмон, тармим ва таъмир», «Истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва конструксияҳо», «Меъморӣ, дизайн», «Косибӣ ва ҳунарҳои халқӣ», «Хӯроки умумӣ», «Савдо», «Хизмати маишӣ», «Хоҷагидории шаҳрӣ, хизматрасонии манзилию-коммуналӣ ва экология», «Истеҳсоли доруворӣ, маҳсулот ва таҷҳизоти тиббӣ», «Хизматрасонии тиббӣ», «Хизматрасонӣ дар соҳаи фарҳанг, варзиш ва туризм», «Хизматрасонӣ барои рушди соҳибкорӣ: таълим, маркетинг, аудит, консалтинг, пешбарии муҳосибот ва кӯмаки ҳуқуқӣ», «Фаъолияти нашриётӣ, хизматрасонии полиграфӣ, дизайн ва реклама», «Технологияҳои телекомуникатсионӣ» ва «Технологияҳои иттилоотӣ» гузаронида мешавад. Ҳадафи асосии озмун рушди бахши соҳибкорӣ дар пойтахт мебошад. Ғолибони озмун бо нишони рамзии ғолиби озмун аз рӯи ҳар як номинатсия, дипломи фахрии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва «Пешсафи соҳибкорони шаҳри Душанбе» ба нишони рамзӣ ҷом ва «Ифтихорнома»-и шаҳри Душанбе сарфароз гардонида мешаванд.








Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






