ПЕШБИНИИ БОНКИ ОСИЁГИИ РУШД

Апрель 20, 2010 09:19

Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Намояндаи доимии Бонки Осиёгии Рушд дар Тоҷикистон Макота Отҷиро ҳангоми муаррифии маҷаллаи солонаи «Тафсири рушди             Осиё -2010» аз пешрафти иқтисодиёти Осиёи Марказӣ иттилоъ додааст. Бо вуҷуди мушкилоти ҷаҳонии бӯҳрони молиявии соли 2009,  моро рӯзҳои хуб дар пешанд, — гуфта шудааст дар  маҷаллаи мазкур.  Кам шудани интиқоли маблағи муҳоҷирони корӣ, мушкилоти иқтисодии Федератсияи Русия ва Қазоқистон барои Тоҷикистон ва     паст шудани нархи пахта ва алюминии дар бозори ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти ҶТ   низ бе асар намонд. Аз таҳлили дар  маҷалла овардашуда бар меояд, ки дар ду соли минбаъда  — (2010 — 2011), иқтисоди давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ беҳтар мегардад ва нархи пахтаю алюминӣ  дар бозори ҷаҳонӣ боло меравад. Дар алоқамандӣ бо ин,  тахмин кардан мумкин аст, ки иқтисодиёти Тоҷикистон дар соли 2010 – 4 ва   соли 2011 5 фоиз боло меравад,- пешбинӣ кардааст дар маҷаллаи мазкур,  намояндаи Бонки Осиёгии Рушд дар Тоҷикистон Макота Отҷиро.   

Апрель 20, 2010 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад