ПЕШГӮИҲОИ ҶОЛИБ ДАР ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти мутахассисони Вазорати кишоварзӣ, ҳаҷми маҳсулоти умумии корхонаҳои кишоварзӣ то охири соли 2010 ба 1 млрд. 600 – 1 млрд. 700 млн. сомонӣ расонида мешавад, ки нисбат ба соли гузашта 20 фоиз афзоиш дода хоҳад шуд. Боис ба ёдоварист, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар моҳҳои январ – марти соли 2010 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидории ҶТ 449,3 млн. сомониро ташкил намуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 5,7 фоиз зиёд аст. Зиёд шудани маҳсулот бештар дар соҳаи растанипарварӣ ба миқдори 2,5 млн. сомонӣ ва чорводорӣ 446,8 млн. сомонӣ афзудааст. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагиҳо — чӣ деҳқонӣ (фермерӣ) ва чӣ кооперативӣ — истеҳсолии вилояти Хатлон 178,3 млн. сомонӣ, Суғд – 155,2, ВМКБ – 13,5 ва НТҶ 102,3 млн. сомониро ташкил дод.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






