РОҲ БА СӮИ БАДАХШОН АЗ ТАРИҚИ АҒБАИ ХОБУ РАБОТ

Апрель 21, 2010 12:21

Душанбе, 21 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори шӯъбаи ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва  мудофиаи граждании Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мунаввар Мирзомустақимов, бо сабаби боронҳои рӯзҳои 11, 17 ва 18 – уми апрели соли ҷорӣ роҳи Кӯлоб – Шоҳон – Зиғар дар чанд ҷой шуста шуда,  кӯпрукҳои мошингузар валангор гардиданд, ки барои барқарор кардани он камаш 20 -25 рӯз лозим аст.  Аз ин рӯ барои тоза кардану кушодани роҳи ағбаи Хобу Рубот зарурат пеш омадааст. Айни замон 4 техникаи роҳтозакунӣ ба ағбаи мазкур бурда шудаст, ки онҳо дар байни 2 – 4 рӯз роҳи ағбаро аз барфу сел тоза намуда, равуои мошнҳоро ба Бадахшон таъмин менамоянд. Бояд тазаккур дод, ки дар давоми 10 рӯзи баста шудани роҳи Кӯлоб – Қалъаихум – Хоруғ нархи маводи озуқа ва масолеҳи бинокорӣ 10 -15 фоиз боло рафт ва қимати як халта семент аз 50  ба 61 ва нархи як халта орд аз 70 ба 85 сомонӣ расидааст. Ҳамчунин нархи дигар маҳсулоти хӯрокворӣ бо сабаби камчин шуданашон дар бозорҳои вилоят низ боло рафтааст.     

Апрель 21, 2010 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад