С.ЗУҲУРОВ: «ИФШОИ СИРРИ ДАВЛАТӢ — ЗАРАРИ ҶИДДӢ БА АМНИЯТИ МИЛЛӢ»

Апрель 19, 2010 13:56

  Душанбе. 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Дар Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷалби масъулини як қатор мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои мухталиф семинар-машварат дар мавзӯи «Таҳкими сирри давлатию ҳифзи техникиии иттилоот» семинар гузаронида шуд. Семинар –машваратро сардори саридора Саидамир Зуҳуров ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки сирри давлатӣ иборат аз маълумоти соҳаи мудофиа, иқтисодиёт, робитаҳои хориҷӣ, амнияти давлатӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва моликияти давлат иборат буда, ифшои он метавонад ба амнияту захираҳои миллӣ, инфрасохторҳои иттилоотию коммуникатсионии давлат зарари ҷиддӣ расонад. Дар семинари мазкур диққати масъулини идораҳо  бобати андешидани чораҳои фаврию амалӣ дар бораи иҷрои бечуну чарои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барномаи таъмини иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи тасдиқи низомномаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот тибқи талаботи  амнияти иттилоотӣ, атестатсияи объектҳои иттилоотӣ, тартиби ба қайдгирии давлатии онҳо ва таҳияи барномаҳои идоравӣ дар бораи аз санҷиши техникӣ гузаронидани воситаҳои техникии иттилоот, бо назардошти тақозои замони муосир ҷалб карда шуд.          

Апрель 19, 2010 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад