САРҲАДҲОИ БОЗ

Апрель 5, 2010 16:31

Душанбе,  5 апрел.(АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).-Аз 9 то 12 апрел дар Душанбе Фестивали беҳтарин филмҳои давлатҳои ИДМ таҳти унвони «Кино: сарҳадҳои боз» гузаронида мешавад. Дар фестивал беҳтарин  филмҳои тозаэҷоди Беларус, Русия ва Украина намоиш дода мешаванд. Ҳамчунин дар доираи он барои тамошобинон вохӯриҳо бо муаллифон, коргардонҳо ва ҳунармандони кинофилмҳо ташкил карда хоҳанд шуд.      Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҷашнвораи мазкур бо ташаббуси Бунёди байналмилалии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои ИДМ баргузор мегардад. Фестивал бо намоиши  филми «Саодатманд» (Блаженная) оғоз меёбад. Ғайр аз ин дар давоми се рӯз  мухлисони санъати кино метавонанд аз тамошои филмҳои «Зани мусофир», «Қиссаи як ҷанг», «Барқи сиёҳ» ва ғайра баҳра баранд.              

Апрель 5, 2010 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид