САТҲИ ҶИНОЯТ ДАР ҶУМҲУРӢ КАМ ШУДААСТ

Апрель 21, 2010 15:54

Душанбе, 21 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 3 206 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли гузашта 127 ҳолат кам мебошад. Кушодашавии умумии ҷиноятҳо бошад, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 2,1 фоиз зиёд шуда, 87,4 фоизро ташкил дод, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 21 апрел, муовини аввали вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов. Ў афзуд, ки пешравии фаъолият дар самти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба назар мерасад. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамагӣ 245 ҷиноят вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61 ҳолат зиёд мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар се моҳи соли ҷорӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1 тоннаву 274 кг маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шуд. Аз гардиши ғайриқонунӣ 715 кг 525 гр моддаҳои нашъаовар, аз ҷумла 225 кг 115 гр героин, 214 кг 758 гр афъюн, 275 кг 652 гр ҳашиш —  гуруҳи бангдона мусодира карда шудааст. Инчунин аз гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷўӣ аз ҷониби кормандони мақомоти дахлдор аз аҳолӣ ҳамагӣ 445 адад яроқи оташфишон, аз ҷумла 83 адад автомат, 45 адад таппонча, 101 адад камонҳо ва қарибии 49 адад дигар намуди яроқи рахпеч, 150 адад яроқҳои суфтамил, 17 адад кордҳо ва миқдори зиёди дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шудааст. Шумораи сўхторҳо низ нисбати ҳамин давраи соли гузашта то 76 ҳолат кам гардида, зарар аз сўхтор 1 млн. 344 ҳазору 401 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 126 ҳазору 417 сомонӣ зиёд мебошад. Инчунин дар се моҳи аввали соли ҷорӣ ҳамагӣ 42 нафар шаҳрвандон аз сўхтор наҷот дода шудааст. Маблағи эминдошта аз наҷоти молу мулк аз оташ 16 млн. 687 ҳазору 92 сомониро ташкил медиҳад, ки 3 млн. 763 ҳазору 604 сомонӣ зиёд мебошад. Новобаста аз чорабиниҳои пешгирикунанда 181 сўхтор дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ба амал омадааст, ки дар натиҷа 6 нафар одамон фавтиданд. Аз онҳо 4 нафарашон ноболиғон мебошанд.

Апрель 21, 2010 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад