ШӮҲРАТИ РОҒУН БА ОЛМОН МЕРАВАД
Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Гурӯҳи эҷодии шабакаи аввали Ширкати радиою телевизиони Олмон барои ба навор гирифтани филм дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар давоми солҳои истиқлолият ба Душанбе омад. Сафари кории гурӯҳи наворбардорон ва наворгирии филм то 20 апрел давом мекунад. Ба ҳайати гурӯҳ продюсер Маркус Бейсман, мухбири телевизион Штефан Штухлик ва кормандони дафтари ширкати телевизионии Олмон дар Маскав – наворбардор Фёдор Симмул ва коргардони овоз Вениамин Захаров шомиланд. Қисматҳои асосии филм дар нерӯгоҳҳои барқи обии Норак ва Роғун, инчунин посгоҳ ва гузаргоҳи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ба навор гирифта хоҳанд шуд. Роҳбари дафтари матбуоти Ҷамъияти саҳҳомии «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ хабар дод, ки гурӯҳи наворбардорони олмониро намояндагони «Барқи тоҷик» ва нерӯгоҳҳои барқи обии Нораку Роғун ҳамроҳӣ хоҳанд кард. Ширкати радиою телевизиони Ҷумҳурии Федероли Олмон соли 1950 ташкил ёфтааст. Ширкати мазкур 11 шабакаи телевизиони маҳаллӣ ва бештар аз 50 радиостансияро муттаҳид месозад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






