СОҲИБКОРОНИ ВИЛОЯТИ ПЕНЗА БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯНД
Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Гурӯҳи соҳибкорону тоҷирони вилояти Пензаи Федератсияи Русия 19 апрел барои боздиди корӣ ба Душанбе меояд. Меҳмонон 20 апрел бо роҳбарону мутахассисони Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот хоҳанд кард. Онҳо инчунин дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва саноат, нақлиёт ва алоқа ва маориф мулоқоту сӯҳбатҳо анҷом медиҳанд. 21 апрел мулоқоти меҳмонон дар вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, тандурустӣ, кишоварзӣ, Агентии сохтмон ва меъморӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба нақша гирифта шудааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






